Фурӯшандаҳои беинсоф дар Арабистон: ниқоби тиббӣ 17 баробар гарон шуд

Ин амали фурӯшандаҳои араб ҳангомапарокании чанд рӯзи пеш дар бозорҳои Душанберо ба ёд меорад, ки як халта ордро то 300 сомонӣ фурӯхтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Қимати ниқоб дар Арабистони Саудӣ 17 баробар афзоиш ёфт, гузориш медиҳад "Парстудэй" дар истинод ба "Фарс".

Тавсияҳои профессори тоҷик алайҳи коронавирус: ниқобҳои худсохт ба ҷои ниқобҳои тиббӣ

Ба гузориши манбаъ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Арабистони Саудӣ эълом карданд, ки фурӯшгоҳҳо ва дорухонаҳое, ки ниқобҳои пизишкӣ мефурӯшанд, аз  паҳншавии вируси корона барои гарон кардани васоили беҳдоштӣ сӯиистифода мекунанд.

Расонаҳои саудӣ низ хабар доданд, ки қимати ниқоб дар бозор 17 баробар афзоиш дошта, ки нишон аз сӯиистифодаи фурӯшандагон ба далели афзоиши тақозо барои он аст.

Расонаҳои Арабистон нақл мекунанд, ки ниқобҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар бозор ба фурӯш мерасад, муддате пеш аз Чин ворид шуда ва дар ҳоли ҳозир ва пас аз паҳншавии вирус корона воридоти моск аз Чин мутаваққиф шуда ва ниқобҳое аст, ки дар анборҳо мавҷуд аст.

Фаъолони фазои маҷозӣ аз Вазорати беҳдошт ва Вазорати тиҷорати Арабистон дархост карданд то пеши сӯиистифодаҳо ба далели афзоиши тақозо барои хариди москҳои беҳдоштиро гирифта ва ба таъйини қиматҳо пардохта ва ҳар маконе, ки бо қимати мушаххасшуда мухолифат кардро масдуд кунанд.