Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон: раисиҷумҳур гуфт беҳтарин туҳфа барои модар чист

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, "сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занон - модарони кишварро бо Рӯзи Модар муборакбод гуфт.

Ба гуфти раисиҷумҳури Тоҷикистон, модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум ба ҷои харидории барзиёд бояд чӣ кор кунанд

"Мехоҳам дар ин лаҳзаҳои пурнишот бо ифтихору сарфарозӣ хотирнишон намоям, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд", - омадааст дар табрикномае, ки дар котиботи президент нашр шудааст.

Раисиҷумҳур хотирнишон кард, ки зан — Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Раисиҷумҳур гуфт, барои падару модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ падару модар доштан беҳтарин сарват мебошад.

"Мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат накунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем".

Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид аст, ки беҳтарин туҳфа барои модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад.

"Мо ҳар яки шумо, модарону бонувони азизро дӯст медорем, бо занону духтарони ватандӯст ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки шумо вазифаҳои бадӯшдоштаи худро минбаъд низ сарбаландона иҷро карда, дар рушду ободии кишвари азизамон саҳми боз ҳам бештар мегузоред".