Дору мехӯраду китоб мехонад: Далер дар зиндон 500 мисраъ аз Мавлоноро аз ёд кардааст

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, ки қариб 40 рӯз дар ҳабс мебошад, рӯзи 6 март бо наздиконаш дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот доштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Вазъи саломатии Далер Шарифов хуб буда, ӯ дар боздоштгоҳ ба китобхонӣ , аз ёд кардани шеърҳо машғул шуда, шикояте надорад , хабар доданд наздикон.

Интернет арзон, сайтҳо кушода ва “квота” ба Узбакистон: 13 пешниҳод ба Ҳукумат

Дар мавриди хабарҳо дар бораи бемории қалби Шарифов иттилоъ дода шуд, ки барои ташхиси рӯзноманигор  дар зиндон аз Маркази қалбшиносӣ мутахассис даъват карда шуда, феълан вазъи саломатияш хуб мебошад, доруҳои заруриро истеъмол мекунад.

Кумитаи дин дар бораи мақолаҳои рӯзноманигор Шарифов ҳанӯз хулоса надодааст

Далер Шарифов ба иттилои наздиконаш пеш аз зуҳри 28 январ ба шаҳри Душанбе даъват шуда, боздошт гардидааст. Наздиконаш мегӯянд, сипас кормандони мақомот хонаашонро бозҷӯӣ карда, бархе аз адабиётро бо худ бурданд ва таъкид намуданд, ки Шарифов баъди бозпурсӣ раҳо хоҳад шуд.

Шарифов бо 30 январи соли равон бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ахиран додгоҳи шаҳри Душанберо низ қарорро бетағйир гузошт.

“Ба ҷамъият хавфе надорад”: дархости раҳоии рӯзноманигор Шарифов аз додгоҳи болоӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороте, ки 1 феврал нашр кардааст, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Шарифов Далерро дар нашри мақолаҳои дорои мазмуни эсктремистӣ, муттаҳам карда буд.

Ҳаққи дахолат надорам, вале: раиси Суди олӣ дар бораи озодии Далер Шарифов

"Шарипов Далерҷон Абдуманноновичсоли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хондааст.

Изҳороти расмии Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Далер Шарифов

"Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди мақоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт”, - омадааст дар изҳорот.

Анҷумани миллии ВАО аз мақомоти тафтишотӣ талаб кард, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад. То ҳол даҳҳо созмону рӯзноманигорони Тоҷикистон раҳоии Далер Шарифовро талаб карданд.

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.