Ҷустуҷӯи ҷасад дар Сир: шамол заврақ бо 2 ҷавонро чаппа кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз чаппашавии заврақи ҳомили ду нафар бар асари шамоли сахт дар дарёи Сир хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Аз ду нафаре, ки савори як заврақи моторӣ мехостанд аз соҳиле ба соҳили дигари дарёи Сир убур кунанд, яке ғарқи дарё шуд ва то кунун ҷустуҷӯи ҷасади ӯ натиҷа надодааст, хабар дод сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Дарёфти ҷасади марди 42 - сола пас аз 9 рӯзи бедаракшавӣ дар Варзоб

Манбаъ бо такя ба гузориши раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд, афзудааст, ки ин ҳодиса нисфирӯзии 5-уми март рух дод.

"Рӯзи 5-уми марти соли равон, соати 14:20 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаи пойгоҳи обкашии дарёи Сир, шаҳрвандон Қузиев Абдухалили 39-сола ва Саидов Иномҷони 34-сола, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Сири ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади убур аз соҳили чапи дарёи Сир ба тарафи рост бо қайиқи моторӣ сафар карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита тавзеҳ дод, ки дар миёни дарё баногоҳ шамоли сахт вазид ва заврақ чаппа шуд.

"Шаҳрванд Саидов аз дохили дарё зинда берун шуд, вале ҳамсафари вай шояд аз он ки қоидаҳои оббозиро намедонист, дар об ғарқ гардид ва бедарак шуд", - илова намуд Кумита.

Ин ниҳод афзуд, ки айни ҳол ҷустуҷӯи ғарқшуда аз тарафи наҷотдиҳандагон дар вилояти Суғд идома дошта, маълумоти иловагӣ баъдан пешниҳод карда мешавад.