Зодаи Бартанг ва 38 - сола: раиси тозатаъини ноҳияи Мурғоби ВМКБ кист?

Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури як фармон раиси ноҳияи Мурғоб Ҷошбаев Мурзабай Абилакимовичро бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа барканор кард.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, ба курсии раиси ин ноҳияи дурдасти ВМКБ, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо такя зад.

Раҷабзода Ҳусния то ин замон дар мақоми муовини раиси ноҳияи Мурғоб фаъолият мекард.

Раиси тозатаъйини ноҳияи Мурғоби ВМКБ кист

Раҷабзода Ҳусния зодаи деҳаи Рошорви водии Бартанг буда, ҳамагӣ 38 - сол дорад. Номбурда соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёт хатм намудаст.

Зимнан, соли 2011 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистонро хатм кард.

Собиқаи корӣ

Раиси тозатаъини ноҳияи Мурғоб фаъолияташро аз соли 2004 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби миёнаи рақами 14 дар ноҳияи Мурғоб шурӯъ намуд. Зимнан, ӯ чанд вақт дар мақоми иҷрокунандаи мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия ифои вазифа мекард.

Тағйироти кадрӣ: аз котиби нави Шӯрои амният то раиси агентӣ ва ректорҳо
Гузашта аз ин, ӯ аз соли 2006 то 2008 мутахассиси бахши назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин ноҳия буд. 

Аз соли 2008 то 2010 ба ҳайси мудири шӯъбаи  умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб фаъолият мекард.

Тағйироти кадрӣ дар намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо розигии Ҳукумат

Зимнан, солҳои 2010 - 2011 магистранти Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2011-2013 ҳамчун мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Мурғоб фаъолият мекард.

Раҷабзода аз соли 2013 то 2020 вазифаи муовини раиси ноҳияи Мурғобро бар дӯш дошт.

Ва акнун бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, сар аз 6 - уми марти соли 2020 ба мақоми раиси ноҳияи Мурғоб баргузида шуд.