Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад. Дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Дар кӯҳҳо туман боқӣ монда, фаромадани тарма ва сангрезӣ дар назар аст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавшиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барфи майда борида, рӯзона бебориш мешавад.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз -0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 0-5 (дар мавзеи Булункул 25-27 хунук) дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар Бадахшон сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15м/с мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок дар назар дошта шуда, дар водиҳо борон ва  дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда,  дар водиҳо борон ва баъзан барфи тар меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар ноҳияҳо туман мефарояд .  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона   0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония вазида, фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.. Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.