Раиси Хуҷанд гуфт, дар шаҳр 1216 раиса кор мекунанд

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, бо Рӯзи Модар, бонувонро шодбош гуфта, мақоми махсуси занро дар ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik.  Маъруф Муҳаммадзода зикр кардааст, зан - модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад.

Рустами Эмомалӣ бонувонро табрик кард: шумо шахсиятҳои тамаддунсозро ба дунё овардаед

"Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан - модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар воқеъ, модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад", - изҳор доштааст Муҳаммадзода.

Ӯ афзудааст, ҳоло дар ҷумҳурӣ ва аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил дода, дар маҷмӯъ шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр 1216 нафарро ташкил медиҳад, тавзеҳ додаст Муҳаммадзода.

Ҷазои милисаи тақаллубӣ барои пулканӣ аз занон бо таҳдиди парванда барои танфурӯшӣ

Ӯ афзудааст, ки аз ҳисоби занони шаҳр дар интихоботи ахир ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, 2 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 2 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят ва аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 15 нафар занон ба вакилӣ интихоб гардиданд.

Одамдузд? боздошти омили ғуломии зани 43 – солаи тоҷик дар Саудӣ

“Инчунин, дар шаҳр 1 нафар зан дорои унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 23 нафар қаҳрамонмодар, 60 нафар сазовори ордену медалҳо, 100 нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 10 дорандаи “Медали шоиста”, 13 нафар докторони илм, 104 нафар номзадони илм ва 161 нафар варзишгарони номдор мебошанд”, - илова намудаст раиси Хуҷанд.