Нигинаи яхбаста дар оғӯши куҳҳои барфпӯш: нашри суруду намоҳанги нав-видео

Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷик суруд ва намоҳанги ҷадидро нашр кардааст, ки аллакай даҳҳо шарҳи мусбат гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Студияи Qiam Entertainment намоҳанг ва суруди ҷадиди Нигина Амонқлова, зери унвони “Нафасбахши ҳавоям”-ро нашр намудааст. Оҳанги суруди ҷадид моли Даврони Раҳматзод ва матнаш маҳсули эҷоди Орзу Исо, рӯзноманигор ва шоири тоҷик мебошад.

Намоҳанг дар пасманзари куҳу ҷангали барфпӯш сабт шуда, Нигина дар бархе саҳнаҳояш яхбаста даруни ҷангалу дар қисмеи дигар бо либоси тунук дар оғуши куҳҳои барфӣ зуҳур мекунад.

Нашри намоҳанги ҷадид дар ҳолест, ки қаблан Нигина Амонқулова дар саҳифааш дар Instagram хабар дод, ки моҳи марти соли 2020 ба Исроил меравад. Нигина Амонқулова барои нахустин бор дар ду шаҳри Исроил моҳи равон ҳунарнамоӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки барномаи ҳунарии Нигина бо овози зинда сурат гирифта, ин консертҳояш бо ширкати ҳафт навозанда гузаронида мешавад. Ин ҳунарнамоии нахустини овозхони машҳури тоҷик дар Исроил мебошад.