Милисаҳо гӯштро 40 дарсад арзон ва тухмро ройгон гирифтанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи Модарон" барои кормандонаш ярмаркаи маҳсулоти арзон баргузор кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 март – Sputnik. Бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи фарорасии ҳама гуна иду ҷашнҳо ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрокворӣ баргузор мегардад.

Аҳмадзода баъд аз овозаҳои болоравии нарх ба бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе” рафт

Бино ба гузориши ВКД, рӯзи 6 март бахшида ба "Рӯзи Модарон" дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ, бо ширкати хоҷагиҳои ёрирасон ярмаркаи фурӯши хоҷаги қишлоқ доир шудаасат.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас: аз 30 то 40 фоиз, нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузоштаанд.

"Дар ин чорабинӣ хоҷагиҳои ёрирасон ба харидорон гӯшт, пиёз, тухм, картошка, нахуд, сабзӣ, карам ва дигар сабзавотҳо ва мевагиҳоро пешкаши харидорон намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон каду, карам, тухм ва як қатор маҳсулотҳо ройгон ба мизоҷон дода шудааст.