Даҳ соли зиндон ба Азизов барои ғорати ҳамватан дар Русия: корду таппонча доштаанд

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрван Азизов А.А.-ро барои ғорати ҳамватани худ дар Русия барои 10 сол равонаи зиндони низомаш сахт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 март – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли кишвар, Азизов ду сол пеш дар Русия ҳамроҳи Холов И.М., Манучеҳри Ҷ., Раҳматов Р.О.,ва ду шарикашон дар бораи Сабурзода С.Ё. шаҳрванди Тоҷикистон маълумот гирифтанд, ки ӯ барои харидорӣ намудани автомашина ба шаҳри Москва омада, бо худ маблағи калони пулӣ дорад.

Боздошти ҷавонон дар Душанбе барои роҳзанию ғорати ҳамватан дар муҳоҷират

  Ба иттилои манбаъ, номбурдагон бо нияти ғорат кардани ҳамватани хеш, бо маслиҳати пешакӣ бо корд, таппонча ва дигар намуди олотҳо мусаллаҳ гашта, бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Ваз-2109” таҳти идораи Холов И.М. ба 43-юм километри шоҳроҳи автомобилгарди “МКАД”-и деҳаи Мосрентген ҳозир шуда, барои роҳзанӣ камин мегиранд.

Манбаъ мегӯяд, номбурдагон худи ҳамон рӯз нафарони номбурда Сабурзода С.Ё.-ро мушоҳида намуда, бо автомашинаи худ ӯро думболагирӣ намуда, қасдан ба қисмати қафои автомашинаи ӯ нишаста бархӯрда, садамаи нақлиётӣ ташкил намудаанд.

  “Хангоми истодани автомашинаҳо Азизов А.А. ва дигар ҳаммаслаконаш ба Сабурзода С.Ё. ҳуҷум намуда, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, бо олотҳои қаблан омода намуда ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, ба микдори махсусан калон маблағи пулии 902 ҳазор рубли ФР баробар ба 128 ҳазору 264 сомониро тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”,-афзудааст манбаъ.

   Дар пайи ин ҳодиса, суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дастрасии моддаи 249 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон гунаҳгор дониста, Азизовро ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон месозад.