Ҷашнҳои рӯзи 5 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи панҷуми март дар Озарбойҷон аз Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад
Sputnik

Рӯзи 5 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1966 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймои англисии Boeing 707 дар Япония зиёда аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли  1970 шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад.

Рӯзи 5 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2007 филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов "Барои он, ки ба ҷаннат дароӣ, бояд бимирӣ" дар озмуни "Берун аз сарҳади Аврупо"  Гран-при ба даст овард.

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Федератсияи Россия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ӯро бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Федератсияи Россия, ки 4 марти соли 2012 баргузор гардид, сидқан ва самимона табрику таҳният гуфтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ- тиҷоратӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 март дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Комиссия оид ба фаъолияти мусофирбарии Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди муносибот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария ҷаласаи аввалини комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ баргузор гардид.

Соли 2015 фармони Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум" нашр шуд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 март

  •  Дар Озарбойҷон – Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

Рӯзи 5 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1913 - шоири ӯзбекзабонии Тоҷикистон Аширмат Назаров.

Соли 1921 - коргардон ва наворбардори кино Муҳаммадқул Арабо.

Соли 1927 -олими таърихшинос, академик Нумон Негматов.

Соли 1930 - олими филлогия Ғаффор Ашӯров.

Соли 1930 - доктори илмҳои филология, профессор Раҳим Маҷидов.

Соли 1940 - доктори илмҳои таърих Карим Қодиров.