Воҳимаандозони камчинии маводи ғизоӣ дар Хатлон боздошт ва муҷозот мешаванд

Намояндаи Хадамоти зидиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ташкилкунандагони овозаҳои бардурӯғ дар мавриди камчинии маводи ғизоӣ боздошт гардида муҷозот мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Овозаҳои бардурӯғ дар мавриди камчин будани орду равған ва дигар маводҳои хӯрокворӣ танҳо ба манфиати соҳибкорон аст.

Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд

Хабаргузории "Фараж" аз қавли муовини сардори Хадамоти зиндиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон Фирдавси Маҳмадсаид хабар медиҳад, ки соҳибкорон махсус ин овозаҳоро паҳн мекунанд, то нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳо даҳчанд гарон шавад ва ҳарчӣ фоида бештар ба даст оранд.

Ба изҳори Маҳмадсаид, ташкилкунандаҳои ин овозаҳо дар Хатлон аллакай боздошт ва нисбаташон ҷазои шадид татбиқ мешавад.

Зимнан, муовини сардори хадамоти мазкур афзудааст, Тоҷикистон бо Қазоқистон ва Русия дар хусуси воридоти орд ва гандум шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

"Дар масъалаи воридоти орду гандум ба кишвар ягон мушкил вуҷуд надорад", - илова намудаст Маҳмадсаид.

Гузашта аз ин, ба иттилои номбурда феълан дар анбори гардиши  "Шаҳло"- и маркази вилояти Хатлон, ба истилоҳи маъруф "Горторг"-и шаҳри Бохтар, пеш аз ду ҳазор тонна захираи орд  мавҷуд аст.

"Дар дигар анборҳо низ захираи орду гандум зиёд аст", - таъкид намудааст Маҳмадсаид.

Ёдовар мешавем, ки хабарҳо дар бораи баста шудани масҷидҳо ва қатъи “маршировка”-ҳо ба муносибати Иди Наврӯз боиси сар задани таҳлукаву воҳима дар байни мардум ва дар бозорҳо шудааст.

Мақомот ба сафирҳои хориҷӣ: аз мо наранҷед ҳамааш, ба хотири пешгирӣ аз коронавирус

 Сокинони пойтахти Тоҷикистон, аз тарси ин ки дар бозору мағозаҳо карантин эълон мешавад, аз бошитоб ба бозорҳо рафта бо захира кардани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, пеш аз ҳама орду равған пардохтаанд.

Ба гуфтаи сокинони шаҳри Душанбе баъзе аз савдогарон бо истифода аз фурсат нархи маҳсулотро боло бурдаанд. Аз ҷумла арзиши як халта орд то ба 350 сомонӣ расидааст.