ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе бо ишора ба ибтилои 2922 нафар ба вируси корона дар Эрон гуфт, мутаассифона то кунун 92 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Паҳншавии вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.
Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин, ба 81 кишвари дигар низ сироят кардааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон гуфт, ки маризии сироятии коронавирус ба тамоми манотиқи Эрон доман задаст.
Ӯ афзудаст, ки Эрон кӯшиш мекунад, то дар ояндаи наздик бӯҳрони коронавирусро бо талафоти ҳадди ақал бартараф кунад.
Ба изҳори Руҳонӣ, феълан ин маризӣ дар тамоми минтақаҳои Эрон паҳн шудаааст ва Вазорати беҳдошти кишвар низ танҳо маълумотҳои охиринро дастраси мардум кунад.
Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 93 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 50 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3218 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.