ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, онҳое ба ҳайси роҳбалад баргузида мешаванд, ки аз маносики ҳаҷ огоҳии комил дошта, дорои малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён бошанд. Ҷисман обутобёфта будан ва дар шароити душвор кор карда тавонистан, донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират ҳам яке аз дигар шартҳои озмун будааст.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020” афроди аз 30 то 60-сола метавонанд иштирок намоянд.
Манбаъ мегяд, тибқи муқаррароти ҷониби Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ (2000 риёли Саудӣ ) иловапулӣ ситонида мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, барои довталаби озмун шудан, ба номи раиси Кумита ариза навишта, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷойи истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4 ва варақаи шахсиро пешниҳод кардан зарур аст”.
Гуфта мешавад, қабули ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар озмун имрӯз оғоз гашта, то 17 март идома меёбад.