Бомборон пас аз имзои созишномаи сулҳ: ҳамлаи ҳавоии Амрико ба мавозеи Толибон

Сухангӯи низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон эълом кард, Амрико пас аз ҳамлаи Толибон ба посгоҳҳои нерӯҳои давлатӣ дар устони Ҳилманд, мавозеи ин гурӯҳро бомбаборон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Сухангӯи низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон рӯз чаҳоршанбе дар Твиттери худ навишт, ки ин ҳамла пас аз таваққуфи ёздаҳрӯзаи амалиёт алайҳи мавозеи Толибон дар шаҳристони НаҳрСироҷи устони Ҳилманд анҷом шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Ду рӯз баъди имзои созишнома: гаравгонгирии 10 низомӣ дар марзи Тоҷикистон аз сӯи Толибон

То кунун аз талафоти ин ҳамлаи ҳавоии Амрико гузорише мунташир нашудааст.

Ин нахустин ҳамла пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ байни Амрико ва Толибон дар ҳафтаи гузашта аст.

Пас аз поёни як ҳафтаии коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон, гурӯҳи Толибон ҳамалоти зиёдеро алайҳи нерӯҳои афғон анҷом додаанд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон пеш аз ин гуфта буд, ки ҳамалоти онҳо алайҳи низомиёни амрикоӣ ва хориҷӣ мутаваққиф шудааст.

Скотт Миллер, фармондеҳи умумии нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон низ рӯзи гузашта дар дидор бо нерӯҳои камонду (чатрбоз) гуфт, ки ҳимояти ҳавоӣ аз онҳо идома ёбад.