Ҷаласаи изтирории Шӯрои уламо барои баҳси масҷидбандӣ: муфтӣ аз вазорат далел хост

Имрӯз чоршанбе, 4 март, ҷаласаи изтирории Шӯрои уламои Тоҷикистон баргузор мешавад ва фатвои худро дар бораи манъи муваққатии намозҳои ҷамоат ба хотири ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” эълон хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии мусулмонон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор аст имрӯз, 4 март, соати 2 пас аз намози пешин аъзои Шӯрои уламо дар мақарри ин ниҳод дар Душанбе ҷамъ оянд ва сари қарантина кардани масоҷид ба як тавофуқ бирасанд.

“Тоҷат бишканад!” Охирин намози ҷамоат дар масҷидҳои Душанбе

"Мо аз Вазорати тандурустии кишвар тақозо кардаем, ки далоили хешро дар бораи ҳаҷму миқёси хатари "вируси тоҷдор" ироа кунанд. Масҷидҳо дар ҳоле қарантина мешаванд, ки далоили кофӣ барои он вуҷуд дошта бошад, қабл аз ҳама ин ки то куҷо ин вирус ба саломатии уммати мусалмон хатар дорад. Агар Шӯро зарурати муваққатан қатъ кардани намозҳои ҷамоатро ба салоҳи кор донад, фатво содир хоҳад кард", - гуфт муфтии мусалмонони Тоҷикистон.

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 26 руҳонии Тоҷикистон иборат буда, масъулияти ҳалли масоили динӣ ва фатвоҳо дар ҷомиаи мусалмони кишварро ба зимма дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбе, 3 март, пас аз анҷоми намози хуфтан, имомхатибони масоҷид дар навоҳии Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ ба намозгузорон эълон карданд, ки шурӯъ аз намози бомдоди рӯзи дигар ибодати худро дар хонаҳои худ анҷом диҳанд. Ба қавли онҳо, имомхатибон гуфтаанд, аз мақомоти болоии ҳукумат дастур омадааст, то намозгузоронро аз вазъият огоҳ созанд.