Руҳонӣ: коронавирус сартосари Эронро фаро гирифт

Ҳасани Руҳонӣ раисҷумҳури Эрон дар робита ба хуруҷи маризии коронавирусизҳор намудаст, ки ин маризӣ аллакай сартосари Эронро фаро гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Маризии сироятии коронавирус ба тамоми манотиқи Эрон доман задаст, изҳор доштаст раисҷумҳури ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ.

“Тоҷат бишканад!” Охирин намози ҷамоат дар масҷидҳои Душанбе

Ӯ афзудаст, ки Эрон кӯшиш мекунад, то дар ояндаи наздик бӯҳрони коронавирусро бо талафоти ҳадди ақал бартараф кунад.

Ба изҳори Руҳонӣ, феълан ин маризӣ дар тамоми минтақаҳои Эрон паҳн шудаааст ва Вазорати беҳдошти кишвар низ танҳо маълумотҳои охиринро дастраси мардум кунад.

Дарвозабони тими миллии Эрон оид ба футзал аз коронавирус фавтид: ҳамагӣ 23 сол дошт

"Аз он рӯзе, ки ин маризӣ пойбанди кишварамон гардид, ба Вазорати тандурустӣ супориш додам, ки фақат маълумотҳои дақиқ ва сареҳро вобаста ба ин беморӣ ба мардум расонанд, то ҳамагон огоҳ бошанд". - илова намудаст Руҳонӣ.

Феълан дар Эрон беш аз 2,5 ҳазор нафар дардманди ин маризӣ буда, наздики 100 кас бар асари мубталошавӣ ҷон бохтанд.