Кумитаи дин аз эҳтимолияти карантин дар масҷидҳои кишвар мегӯяд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қатъи намозҳои ҷамоат дар бархе аз масҷидҳои кишвар бар пояи тавсияҳои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шудааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар шарҳи хабарҳо дар бораи манъи намози ҷамоат дар масҷидҳои кишвар ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, то ба ҳол тасмими ҷамъии Шӯрои уламо дар ин маврид гирифта нашудааст, аммо ҳолатҳое, ки мавриди баҳс шудаанд, дар бархе қисматҳои шаҳрӣ ҷой доранд.

“Тоҷат бишканад!” Охирин намози ҷамоат дар масҷидҳои Душанбе

“Дар робита ба ҳолатҳои алоҳида, аз ҷумла муроҷиати чанде аз ходимони дин ба намозгузорон вобаста ба худдории муваққатӣ аз иштирок дар намозҳои ҷамоат чунин гуфтан мумкин аст, ки ин як тасмими пешгирикунандаи бевосита худи ходимони дин ва ҳайати муассисони масоҷид мебошад ва дар асоси вазъи баамаломада ва тавсияхои Маркази исломии Тоҷикистон гирифта шудааст”, - гуфт Афшини Муқим.

Қаблан як қатор намозгузорон дар шаҳри Душанбе ба “Sputnik Тоҷикистон” таъйид карданд, ки дар анҷоми намози хуфтан имомхатибон ба онҳо гуфтаанд, намозҳои худро дар хонаҳояшон адо кунанд ва то фароҳам шудани шароити мусоид аз ширкат дар намозҳои ҷамоат худдорӣ кунанд.

Имомхатибон гуфтаанд, ки дастур аз мақомоти зидахли ҳукуматӣ гирифта шудааст ва қатъи муваққатии намозҳои ҷамоат ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” ва ҳифзи саломатии намозгузорон аст.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, чунин тасмимҳо бесобиқа нестанд, балки дар дигар кишварҳои мусулмоннишин ҳам гирифта шудаанд. “Ҳатто Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба хотири ҳифзи сиҳатии мардум муваққатан сафари мусулмонон барои адои Ҳаҷҷи умраро мамнӯъ эълон кард”, - афзуд Афшини Муқим.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфт, дар умум дар ҳамаи масҷидҳои кишвар аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ба истилоҳ, вазъи карантинӣ эълон нашудааст.

Вай афзуд, эҳтимол дар рӯзҳои баъдӣ муваққатан дар ҳамаи масоҷиди кишвар вазъи карантинӣ эълон шавад.