Шӯрои уламо намозҳои ҷамоатро мутаваққиф кард: ба ҷуз намози ҷаноза

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз сокинони кишвар хостори муваққатан ширкат накардан дар намозҳои дастаҷамъӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Ин муроҷиатнома, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, баъди зуҳри имрӯз, дар як ҷаласаи изтирории Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сӯи 9 узви он қабул шудааст.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои уламо барои баҳси масҷидбандӣ: муфтӣ аз вазорат далел хост

Дар он гуфта шудааст, ки қарори Раёсат бар пояи аҳодиси Паёмбари ислом (с), тавсия ва тадбирҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гирифта шуда, аз ходимони дин ва ҳайати муассисони масҷидҳову ҷамоатхонаҳои Тоҷикистон хоста мешавад, ки ин паёмро ба мардуми кишвар расонанд.

“Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сирятёбиву паҳн гардидани бемории “вируси тоҷдор” аз намозгузории дастҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Тасмими Шӯрои уламо дар ҳолест, ки имрӯз Вазорати маорифи кишвар низ хабар дод, ки тасмим гирифтааст ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатӣ, худдорӣ аз харҷи ҳама намуди маблағҳо ва ҳам ҷилавгирӣ аз сирояти “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” (COVID-2019) машқҳои омодагӣ ба ҷашни Наврўзи байналмилалиро қатъ кунад.