ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) то ба соати 15.00 ба вақти Қоҳира, дар Эрон 1501 мавриди гирифторӣ ба COVID-19, ба шумули 66 мариди фавт сабт шудааст.
Вазорати беҳдошти Эрон гуфтааст, ки қабл аз ин 291 нафар сиҳат ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
“Ҳавопаймои ҳомили аъзои тими фаннӣ бо маҳмулае аз таҷҳизоти пизишкӣ ва ҳифозатӣ барои пуштибонӣ аз 15 000 корманди соҳаи тандурустии Эрон, ки бо “вируси тоҷдор” дасту панҷа нарм мекунанд ва ҳамчунин ба ҳадафи интиқоли бастаҳои озмоишгоҳии кофӣ барои озмоишу ташхиси ҳудуди 100000 нафар вориди Эрон шудааст”, - мегӯяд Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Эрон тайи чанд рӯзи ахир пас аз Чин ба дуввумин кишваре табдил меёбад, ки аз қаламрави он “вируси тоҷдор” ба кишварҳои дигар густариш меёбад.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, афроди гирифтори ин вирус аз Афғонистон, Канада, Лубнон, Покистон, Кувайт, Баҳрайн, Ироқ, Уммон, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ собиқаи сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эронро доштаанд.
Дар гузашта расонаҳо аз гирифтории як фард дар Гурҷистон навишта буданд, ки аз Эрон вориди ин кишвар шудааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои таҳияи ҳавопаймое, ки бо муваффақият тим ва таҷҳизоти пизишкии созмонро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон интиқол додааст, самимона изҳори сипос кардааст.