ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт сафар кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Гуфта мешавад, дар рафти сафар Аҳмадзода дар ҷамоати деҳоти Ашт ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшид.
"Масъулини раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт дар суҳбат бо Раиси вилоят иброз доштанд, ки тасмим доранд соли равон дар 50 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намоянд. Таъкид карда шуд, ки кишти картошкаи барвақтӣ асосан дар Ҷамоати деҳоти Ориён ва Ҷамоати деҳоти Ашт ба роҳ монда мешавад", - афзудааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи навъҳои серҳосили тухмии картошка, риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила саҳми назаррас гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру маслиҳатҳо дод.
Сипас, раиси вилоят ҷараёни бурриши санитарии дарахтони мевадиҳанда дар боғоти филиали Академияи илмҳои кишоварзӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Шодобаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Филиали мазкур дар тавозуни худ 99 гектар замин дошта, мутахассисони он асосан ба корҳои омӯзишӣ ва парваришу нигоҳубини ниҳолҳо машғул мебошанд.
Вазорат: ҷамъоварии картошка дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Дар аснои боздид қайд карда шуд, ки боғпарварӣ аз шуғлҳои сердаромад маҳсуб ёфта, сокинони ноҳияи Ашт дар зардолупарварӣ шуҳрат доранд. Аз 18 000 гектар боғҳои ноҳия 16540 гектари онро зардолузор ташкил медиҳад ва меваҳои шаҳдбори ноҳия дар хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад.
Раиси вилоят ба мутахассисону боғпарварон ҷиҳати истифодаи усулҳои муосири боғпарварӣ, эҷоди навъҳои нави ниҳолҳо ва самаранок истифода бурдани замини филиали Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсияҳо дод.