Марги ногаҳонаи Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндон

Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳи террористие, ки моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда буданд, дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми март дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард.

Вай гуфт дар ҳоли ҳозир, сабаби марги ногаҳонии Абдусамадовро мақомоти Прокуратураи генералӣ муайян мекунанд.

Додситонии кул: Ҳусейн Абдусамадов метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад

“Мо дар доираи қонун кормандони прокуратураро даъват кардем. Кормандони прокуратура ташхису экспертиза таъйин карданд ва ҷасади Абдусамадовро барои ташхис гирифта бурданд”, - таъкид кард Мансурҷон Умаров.  

Ҳамзамон вай афзуд, ки Абдусамадов бемории ҷиддӣ надошт, аммо ҳар сари чанд вақт ба бемориҳо гирифтор мешуд.

Ҳусайн Абдусамадов, ки ба унвони саркардаи гурӯҳи террористии муҳоҷим ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара муҳокима шуда буд, гуфта буд аз бемории гурда ранҷ мебарад.

Дар нахустин ҷаласаи додгоҳ, ки дар боздоштгоҳи Шумораи 1 –и шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста баргузор шуд, Ҳусайн Абдусамадов таъкид карда буд, ки аз куштани гардишгарони хориҷӣ пушаймон нест ва ин иқдомро дар ҳимоят аз гурӯҳи ДОИШ  анҷом додааст.

Абдусамадов ҳамчунин гуфта буд, ки дастури ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро аз фарди доғистонитаборе ба исми Нуҳос дарёфт кардааст, ки масъули амалиёти ДИИШ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ё Ҷомеаи Ҳамсуд аст.

Ҳамлаи террористӣ ба гуруҳи гардишгарон дар Данғара 29 июли соли 2018 рух дод, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Суди Олӣ дар бораи Абдусамадов ва шариконаш: чигуна 3 сайёҳ дар Данғара зинда монданд?

Мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти роҳбарии Абдусамадов аввал бо мошини худ тамғаи “ДЭУ Леганзе”,  сайёҳони хориҷӣ Геогхеган Л.А.М., Аустин Ҷ., Вокке Р.В., Хуммел М. ва Дименд М.К-ро зер карда, сипас бо кордҳо ва табар ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон зарбаҳои марговар заданд.

Дар натиҷа 4 нафарашон ба ҳалокат расида, Дименд М.К. ҷароҳати вазнин ба саломатӣ бардошта, бо ҳамроҳии Постма К.И., ки ҳуҷуми ҷинояткоронро мушоҳида карда, дар канори роҳ пинҳон гардида буд, ҷон ба саломат бурдаанд.  Сайёҳи дигари ин гуруҳ Казабат Г.Ж., ки аз ҳамсафарони худ ақиб мондааст, зинда мондааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин ҳамла Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро муттаҳам карданд, аммо масъулини ин ҳизб дар хориҷ ин иттиҳомро рад намуданд. Созмони террористии “ДОИШ” бо нашри як навар масъулияти иҷрои ин ҳамларо ба дӯш гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов саркардаи ҳамла ба сайёҳонро ба ҳабси абад маҳкум кард.