Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 59 солаи ноҳияи Кушониён хабар медиҳад, ки шаш маротиба ба тани ҳамсараш корд задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2  мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВУД, кормандони милитсия марди 59 соларо дар пайи муроҷиати ҳамсари 35 солааш боздошт кардаанд.

5 соли зиндон барои 2 соат латукӯби ҳамсар: рақами Фарангисро аз телефонаш "удалит" кард

“Ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён бо ариза зани 35-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстон-қалъаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон шавҳараш, марди 59-солаи сокини ҳамон ҷо, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба аъзои баданаш задааст”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Вазорати умури дохила мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.