Донишҷӯ шудан мехоҳед? оғози бақайдгирӣ ба имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 2 март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 оғоз намуд, ки то 15 апрел идома меёбад.

Бурсияҳои таҳсилӣ барои довталабони тоҷик: Русия – 630, Украина – 20

Тавре хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Маркази миллии тестӣ иттилоъ медиҳад, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил гардидааст.

Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 феврали соли 2020 дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ, ки дар ин рӯйхат мавҷуданд, худро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 сабти ном намоянд.

Таҳсили ройгон: қабули довталабон ба мактабҳои олии Русия оғоз шуд

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсони довталаб сурат мегирад.

Хоҳишмандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз ин ки кадом муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва намудҳои таҳсил ройгону пулакӣ интихоб карда метавонанд. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ синфи 9-ум ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ ва аз рӯйи шакли таҳсил танҳо рӯзонаашро интихоб карда метавонанд.

Ҷаримаи дарбон ва табиб барои гирифтани 9 ҳазор доллар аз довталаб дар “Қарияи боло”

Ҳамчунин довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад.

Тавре манбаъ зикр намуд, ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб забони таҳсилро мушаххас интихоб карда наметавонад.