Раъйдиҳии раиси Хатлон ва ҳамсараш: нозирон гуфтанд, ягон қонуншиканӣ сабт нашудааст

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон бо ҳамсараш ба қитъаи интихоботии №5-и шаҳри Бохтар, воқеъ дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ҳозир шуда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзади мавриди назари худ овоз доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода дар нуқтаи раъйдиҳӣ бо мушоҳидони байналмилалӣ, ки аз кишварҳои узви ИДМ ҳузур доштанд, суҳбат кард, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати Хатлон.

Эмомалӣ Раҳмон овоз дод: Котибот гуфт, ба ҷонибдории номзади арзанда

"Мушоҳидони байналмилалӣ зикр намуданд, ки тибқи мушоҳидаҳояшон мардум дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст", - изҳор дошт Маъмурзода аз қавли нозирон.

Манбаъ афзуд, феълан дар ҳамаи 1068 қитъаи раъйдиҳии вилоят овоздиҳии интихобкунандагон идома дорад. Тибқи иттилои Комиссияи вилоятии ихтихоботӣ, то соати 9:00 зиёда аз 270 ҳазор интихобкунанда мавқеи худро муайян кардаанд.

Шумораи умумии интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 миллиону 698 ҳазору 656 нафар ҳисоб шудааст, ки аз он миён 61 ҳазору 138 нафар бори аввал овоз медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди вилоят 69 ҳавзаи вилоятии интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби Комиссияи вилоятии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад ба қайд гирифта шудаанд. Да миёни номзадҳо 72 нафарашон занонанд, ки 28,5%-и шумораи умумии номзадҳоро ташкил медиҳад. Аз ин миён 169 нафар узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 29 номзад ғайриҳизбӣ, 24 нафар узви Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 19 нафар узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва 12 нафар узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мебошанд.