Нашри нахустин наворҳои қонуншиканӣ дар интихобот ва изҳороти раиси КМИР

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз наворҳои қонуншиканӣ дар рафти интихоботи парлумониро нашр карда, хостори расидагӣ ба онҳо шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Наргис Соҳибова, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кардааст, ки дар он хонуме бастаи варақаҳои овоздиҳиро ба қутии интихобот мепартояд. Ба гуфтаи ин корбар навор дар яке аз макотиби шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳар шаҳрванд бояд шахсан бо пешниҳоди шиноснома варақа гираду раъй диҳад. Инчунин ҳолати ба ҷои чанд нафар овоз додани шаҳрвандон дар навоҳии кишвар сабт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон зимни гузориш аз раванди интихобот то соати 15:00 изҳор дошт, ки расман КМИР ҳанӯз ҳеч шикоятеро нагирифтааст.  Дар ҳамин ҳол комиссияҳои интихоботӣ изҳори омодагӣ кардаанд ба шикоятҳо дар бораи нақзи қоидаҳои интихобот расидагӣ намоянд.

Рустами Эмомалӣ шиносномаашро иваз кардааст: навашро нишон дод-видео

Ба иттилои КМИР, то соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 миллиону  703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд ва бар асоси қонун интихобот баргузоршуда ҳисобида мешавад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд, интихобот баргузоршуда эълон мегардад. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Раъйдиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 қитъаи интихоботӣ идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст.