Мулоқоти Раҳмон бо мақомдори баландпояи Ҳизби коммунистии Чин дар рӯзи интихобот

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо Ян Тзечӣ, узви дафтари сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин ва роҳбари Дафтари комиссияи ҲКЧ дар умури хориҷӣ, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар оғози вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Чин шарикони стратегии ҳамаҷониба ва ҳамсояи наздик буда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ҳамеша ҳавасманд мебошанд, хабар додаст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон овоз дод: Котибот гуфт, ба ҷонибдории номзади арзанда

Манбаъ афзуд, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла дар доираи муколамаи байниҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

"Дар ин замина таъкид карда шуд, ки робитаҳои байниҳизбӣ ҷузъи таркибии муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду давлат мусоидат менамоянд", - омадааст дар иттилоия.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба маносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, саноатию кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, фарҳангу гуманитарӣ, маориф ва илму технологӣ табодули афкор карда, татбиқи воқеии Барномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чинро, ки дар доираи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” таҳия гардидааст, муҳим арзёбӣ намуданд.

Вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи амниятӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои дигари мулоқот будаанд.