Ҷаримабандии ронандаи ҷавон барои дашноми духтар дар Душанбе

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳафтаи равон ба ин ниҳод як ҷавондухтар, сокини пойтахт аз бадрафтории як ронандаи ҷавон шикоят кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки 21-уми феврали соли равон, тахминан соати 10:00, дар кӯчаи Аҳмади Дониш, назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи “Опел” нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон додааст. Ҷавондухтар афзудааст, ки бар замми ин ронанда бо алфози қабеҳ ӯро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро паст задаст.

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи “гаппартоӣ”-ҳои шаҳвонӣ

Маъмурини милиса мегӯянд, муайян карданд, ки ронандаи ҷавон, Тағоев Абубакр, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе мебошад.

“Зимни санҷиш ва пурсиши гумонбаршаванда Тағоев Абубакр муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат номбурда санаи 21-уми феврали соли 2020 тахминан соати 10:00 ҳангоми дар кӯчаи А. Дониш назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қарор доштанаш нисбати ҷавондухтар ҳаракати таҳқиромез нишон медиҳад ва баъди эроди муроҷиаткунанда нисбати ин ҷавондухтар дашному ҳақоратҳои қабеҳ намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Тағоев Абубакрро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста,  ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ ҷарима бастаст.