Ҳалокати 20 нафар дар натиҷаи бархӯрди қатора бо автобуси мусофирбар

Дар Покистон бар асари бархӯрди қатора бо автобуси мусофирбар дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва ҳамзамон 23 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Бархӯрди қатора бо автобуси мусофирбар дар Покистон 20 қурбонӣ ба бор овард, хабар медиҳад шабакаи Samaa бо истинод ба Вазири нақлиёти музофоти Синд, Аваз Қодиршоҳ.

Ҷузъиёти бархӯрди қатора ба автобус бо 67 мусофир дар Қазоқистон - видео

Ба изҳори вазир, бар асари рух додани ин ҳодиса, дар макони садама 19 нафар ба ҳалокат расид ва як маҷрӯҳи дигар дар бемористон ҷон дод.

Ҳамзамон ба гуфтаи ӯ вазъияти 18 захмии ин садама бисёр вазнин боқӣ мемонад.

Навори шоҳидон: бархӯрди автобус бо истгоҳ дар Маскав

Гуфта мешавад, автобуси мусофирбар дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Рорӣ самти шаҳри Кандра ҳаракат медошт.

Ба эҳтимоли зиёд, садама ба айби ронандаи автобус рух додаст, чун ӯ ҳаракати қатораро надида, хост аз роҳи оҳан гузарад, ки дар натиҷа ба бархӯрд анҷомид.

Зимнан, роҳбари беҳдошти музофоти Мурод, Алӣ Шоҳ дар тамоми бемористонҳоӣ дар наздикӣ қарор дошта, вазъи фавқулода эълон кард.