Сабур бошед: муфтии Русия гуфт манъи Ҳаҷи Умра ба фоидаи мусалмонон аст

Раиси Анҷумани мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов лағв шудани Ҳаҷи Умра дар Арабистони Саудиро тадобири бисёр саривақтӣ арзёбӣ кард. Муфтӣ тамоми мӯъминонро ба сабуриву оромӣ даъват намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Муфтии Русия Албир Крганов тадобире, ки Арабистони Саудӣ ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус гирифтаанд, муҳим ва саривақтӣ хондааст.

Ба изҳори Крганов, Арабистони Саудӣ ҳамасола миллионҳо зоиринро барои адои ҳаҷ қабул мекунад.

"Ман мефаҳмам, ки миллионҳо мусалмонон барои ин рӯйдоди муҳим қаблан тайёрӣ мебинанд, аммо дар зиндагӣ ҳар кор шуданаш мумкин аст. Феълан ҷорӣ намудани маҳдудият барои зиёрати хонаи Пайғамбар ва адои Ҳаҷи Умра мувофиқи мақсад аст. Дар давраҳои пеш низ ба хотири ҷилавгарӣ аз маризии вабо чунин маҳдудият ҷорӣ мешуд, аммо он замон теъдоди зиёраткунандаҳо ин қадар бисёр набуд", - таъкид кард Крганов.

Гузашта аз ин,Крганов афзудаст, ки адои Ҳаҷи Умра барои ҳар як мусулмон фарз нест.

Арабистони Саудӣ вуруди зоирин ба Хонаи Худоро муваққатан манъ кард

"Ҳоло мақомоти Арабистони Саудӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди вируси хатарнок ба қаламрави кишварашон чораҳои зарурӣ меандешанд, то дар моҳи шарифи Рамазон мӯъминон тавонанд роҳат озими Ҳаҷ шаванд", - илова намудаст муфтӣ.

Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, як қатор маҳдудиятҳо барои зиёраткунандаҳои Хонаи Худо ҷорӣ намудаст.

Баҳси коронавирус ва ғизо дар маҷлиси Ҳукумат: гузориши вазир ба Президент

Аз ҷумла, то як муддат вуруди афрод ба хотири адои Ҳаҷи Умра ва зиёрати хонаи Пайғамбар манъ карда шудаст.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии ин кишвар, додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандоне, ки кишварашон дар гирдоби маризии сироятии "вируси тоҷдор" қарор дорад, комилан манъ карда шудааст.

ВУХ - и Арабистони Саудӣ гуфтааст, ин тадобир муваққатӣ аст, вале замони муайяне барои поёни он то ҳол маълум нест.