Зоирини тоҷик аз Дубай рӯзи якшанбе бармегарданд: Арабистон роҳ надод

Зоирин тоҷик, ки Арабистони Сайдӣ вурудашонро ба қаламраваш иҷоза надод, рӯзи якуми март ба ватан бармегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Афшини Муқим, сухангуи Кумитаи дини Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, чиптаҳои зоирин омода аст ва бояд субҳи якшанбе ба ватан баргарданд.

Номбурда гуфт, аммо агар то рӯзи якшанбе Арабистон барои вуруд иҷоза диҳад ба умра мераванд, зеро ҳама ҳуҷҷатҳояшон дуруст буда раводиди умраро низ доранд.

Арабистони Саудӣ вуруди зоирин ба Хонаи Худоро муваққатан манъ кард

“Агар то рӯзи якшанбе Арабистони Саудӣ иҷоза надиҳад, бармегарданд”,-изҳор дошт сухангӯи Кумитаи дин

Ба иттилои Афшини Муқим, 48 зоири тоҷик, тавассути ширкати сайёҳии “Ормон”  рӯзи 25-уми феврал ба Дубай парвоз доштанд ва аз он ҷо мебоист ба Арабистон мерафтанд.

Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ 26-уми феврал барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, вуруди шаҳрвандони хориҷиро ба қаламраваш манъ кард.

Гуфта мешавад, ин қарор барои ҳама афроде, ки нияти адои Ҳаҷҷи Умра ва зиёрати Масҷиди паёмбарро доранд, низ дахл дорад.

Ба иттилои манбаъ, шароити будубоши зоирин ҳоло аз суи ширкат таъмин аст.

Ба гуфти Афшини Муқим қарори Арабистони Сайдӣ ба тамоми кишварҳои мусалмоннишин дахл дорад ва ҳоло як гуруҳи зоирини кишвар дар ин кишвар ҳастанд, ки бояд ҳафтаи дигар ба ватан баргарданд.