ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарореро имзо кардааст, ки тибқи он дар пойтахт озмуни "Авто-Бону-2020" баргузор мешавад.
Тавре дар санади мазкур омадааст, ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни "Авто-Бону-2020" дар шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.
"Авто-Бону-2020" санаи 7 марти соли аз соати 9:00 то 10:30 дар пойгоҳи мошинронии ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнӣ баргузор хоҳад шуд.
"Муқаррар шавад, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар назди "Наврӯзгоҳ" сурат гирифта, баъдан қатораи автомобилҳои иштирокчиёни озмун бо мушоиати автомобилҳои патрулии БДА ва мотосиклронҳои Клуби ҷумҳуриявии Ҷамъияти мададгори мудофиа ҳаракатро тавассути кӯчаю хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ то пойгоҳи автомобилронии ба номи А. Турсунов ба роҳ монанд", - омадааст дар банди севуми қарор.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми гузаронидани озмуни "Авто-Бону-2020"муваззаф шудаанд.
Зебосанамҳои сари чанбарак: кӣ дар озмуни "Авто-Бону-2019" пирӯз шуд
Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи "Паёми Душанбе" ва "Телевизиони Душанбе" инъикоси васеъи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ хоҳанд монд.