ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik.Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Лебедев намояндаи Русия дар интихоботи парлумонии кишвар дидор ва мулоқот доир намуд.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти дуҷонибаи онҳо рӯзи 27 - уми феврал баргузор гардид.
Сергей Лебедев, ки Котиби иҷроияи ИДМ мебошад, ба ҳайси роҳбари Ҳайати нозирони байналмилалии ИДМ раванди интихоботи парлумонии Тоҷикистонро назорат хоҳад кард.
Рақибони Қодири Қосим дар Ванҷ ва Гиёзода дар Хоруғ киҳоянд?
Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо ба ҷузъ аз масъалаи интихобот, инчунин дурнамои ҳамкории гуногунҷанба дар доираи ИДМ - ро баррасӣ карданд.
Зимнан, масъалаи омодагӣ ба ҷашни 75 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба низ дар меҳвари мулоқоти онҳо қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон якшанбеи ҳафтаи равон баргузор мегардад.