Бедаракшавии сокини 25 - солаи Бадахшон дар Перм: аз кор баромада ғайб зад

Чанд рӯз боз дар гурӯҳи Цавор - Куен дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси ҷавони бедаракшудаи бадахшонӣ мечархад, ки дар шаҳри Перм пас аз ҷойи кор баромадан, ғайб задаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар маҳаллаи Закамскии шаҳри Перм, як ҷавони 25 - сола, зодаи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бедарак шудааст.

Писари бедаракшудаи ноиби раиси ҲСДТ пайдо шуд

Акс ва эълони ин хабари нохушоянд дар гурӯҳи Цавор - Куен дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чанд рӯз боз мечархад.

Аз шахси бедарак гумшуда Мамадакимов Илёс Муслимович ном бурда мешавад ва ӯ аз 21 - уми феврал ба ин сӯ беному нишон аст. Бар тибқи эълони ин гурӯҳ, Илёс бегоҳи рӯзи 21 - уми феврал аз кор баромада, ғайб задаст.

Модар фарзандашро пас аз 12 соли бедаракшавӣ пайдо кард

Феълан хешу пайвандони Илёс аз пайи кофтукоби ӯ қарор доранд, вале кӯшишу талоши чандрӯзаи онҳо то ҳол натиҷа надодааст.

Аз ин рӯ, онҳо аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дархости кӯмак намудаанд. Дар сурати дарёфти маълумот ва ё муждае дар бораи Илёс Мамадакимов ашхоси хайрҷӯ метавонад ба рақамҳои Мубориз:8-909-733-95-95, Зоҳир: 8-912-586-47-77 ва ё Воҳид 8-982-463-41-13 тамос гиранд.