Муҷозоти 24 ронандаи "крутой" дар пайи шикояти корбарони Фейсбук

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе гузориш додааст, ки 24 ронанда дар пайи шикояти корбарони Фейсбук муҷозот шуданд. 

Радди ҷазои ронанда барои нафаромадан аз мошин: Раҳимзода гуфт, ҷаримаҳоро кам намекунанд
"Ин навбат низ як қатор корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли акси қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикосгардида, барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Дар асоси аксҳо, 24 ҳолати қоидавайронкунии ронандагон ошкору муайян карда шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шудааст.

"Чуноне аз натиҷаи тахлилҳо ва расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон бармеоянд, дар бештари маврид маҳз соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо рақамҳои ба қавле "крутой" ба қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат роҳ додаанд, ки ин беэҳтиромӣ нисбати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ буда, аз маданияту маърифати пасти чунин афрод дарак медиҳад", - таъкид мекунад манбаъ.

Дар натиҷа муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкуниҳои гуногуни дағали ҳаракат роҳ додаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.

Дар Исфара ронанда дучархарони мастро пахш намуд

Вобаста ба ин нисбати ҳамаи ин 24 нафар ронадагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Манбаъ акси 24 ронандаро бо худравҳои "крутой"-ашон мунташир кардааст.