Ду садамаи маргбор: ронанда ба симчӯб бархӯрду ҳалок шуд

Тайи ду рӯзи ахир дар роҳҳои Тоҷикистон дар пайи тасодуми маргбор ду нафар ҳалок гашта, чанде маҷрӯҳ шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон гузориш додааст, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми феврал рух додаанд.

Ду садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони ду танро гирифт

Чунончи,25-уми феврали соли 2020, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Муродалиев Нуруншоҳ Сангимадович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар бетони роҳи оҳани деҳаи Қизилнишон бархӯрда, автомашинаро чаппа кардааст.

"Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Рустамов Баҳриддин Бустонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Шаҳритус, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда Муродалиев Н.С ва ноболиғ Рустамов Илёс Баҳриддинович, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юми МТМУ, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон: ҳалокати се нафар дар ду рӯз ахир

Мутаассифона, санаи 26-уми феврали соли 2020, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи аавтомашинаи тамғаи "Опел-Комбо", Мирзоумедов Боводдин Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тарафи кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи Абая, дар рӯ ба рӯӣ хонаи истиқоматӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Мирзоумедов Б.Ҷ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.