Бонки миллӣ фаъолияти ташкилотҳои “Наҷм” ва “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кард

Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.  Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кардааст.

Се сутуни низоми бонкӣ: Бонки миллӣ рӯйхати бонкҳои низомсози Тоҷикистонро интишор кард

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Бонки миллӣ дархости ташкилоти амонатии қарзии “Наҷм” ва “Тиҷорат-Қарз”-ро барои бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кардааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки иҷозатномаи ташкилотҳои қарзии барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд мешавад.

“Мақомоти ваколатдори ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”- вазифадоранд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ, бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намоянд" — таъкид кардааст манбаъ.

Бино ба маълумоти БМТ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 30 фонди қарзии хурд ва 21 ташкилоти амонатии қарзии хурд  фаъолият дорад.