Баъд аз “корпартоӣ”: ҳаққи коргарони Maxim барқарор шудааст

Баъди муроҷиати гурӯҳӣ, ё “корпартоӣ”-и ронандагон, масъулини ширкати мусофирбарии Maxim дар вилояти Суғд, ҳаққи меҳнати ҳамкоронашро тибқи муқаррароти қаблӣ аз нав барқарор кардаанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ронандагони ширкати Maxim мегуянд, муроҷиати дастаҷамъонаи онҳо дар назди роҳбарият бенатиҷа анҷом нашудааст. Коргоҳи Maxim дар Хуҷанд, дар пайи муроҷиати дастаҷамъонаи ронандаҳо, ки аз аъзоёни ин ҷамъият ба ҳисоб мераванд, ба қароре расидааст, ки ҳаққи хизмати онҳоро аз нав бозбинӣ кунад.

Таксронҳои “Maxim”: ширкат рақобатро аз ҳисоби даромадҳояш ташкил кунад

Як ронанда аз ширкати Maxim танҳо ба шарти набурдани номаш гуфт, роҳбарият бо қабули як қарор нархномаи хизматрасонии онҳоро аз рӯи ҳисоби қаблӣ тасдиқ намудаанд.

“Ҳоло тибқи нархномаи тасдиқшуда арзиши хизматрасонии мо, ронандагон то 3 километр, 8 сомонӣ ва то 8 километр 9 сомонӣ муқаррар шудааст. Агар масофаи роҳи сафар дар дохили шаҳр аз 9 километр зиёдтар бошад, 1 сомонӣ барои ҳар як километри тай карда ҳисоб карда мешавад”, - гуфт ронанда.

Ахиран дар рӯзи 15-уми январ, гурӯҳе аз ронандагони ширкати мусофирбарии Maxim дар Суғд, дар назди қароргоҳи ин ширкат дар Хуҷанд ҷамъ омада ва аз поин бурдани ҳаққи кор, ки манбаи даромади онҳо ба ҳисоб меравад изҳори норозигӣ баён намуданд. Он замон аз нашри аксу наворҳо дида мешуд, ба ин гурӯҳ ҳудуди 50 ронанда ҳамроҳ буда ва муддати наздик ба 2 соат дар қароргоҳи Maxim ҷамъ шуданд.

Талаби ҷамъомадагон ин буд, ки масъулин ширкат ҳаққи кори онҳоро дарк кунанд ва арзиши роҳкиро - хизматрасониро поён накунанд, дар акси ҳол онҳо ба қасди ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳои таксиронӣ, Maxim -ро тарк хоҳанд кард. Он замон ронандаҳои ҷамъомада мегуфтанд, ки роҳбарияти Maxim сар аз аввали соли 2020, ҳаққи роҳкиро дар дохили шаҳрро аз 9 - сомонӣ ба 8 ва ҳамчунин арзиши хизматрасонии 14 сомонаро ба 11- сомонӣ кам кардаанд, ки чунин муқаррарот дар шароити гаронии нархи газу бензин ба зарари онҳо тамом мешавад.

Ҳаворо ифлос мекунанд: дар Душанбе таксиҳои модели то соли 2014 мамнӯъ шуд

Сабаби коҳиш додани ҳаққи кори ронандаҳоро ҳеҷ касе аз масъулини Maxim ба таври возеҳ шарҳ надоданд, вале худи ронандаҳо таъкид мекарданд, ки ин корро ширкат барои рақобатпазир шудани фаъолияти худ пиёда карданӣ аст, вале танҳо аз ҳисоби ҳаққи кормандонаш.

Ронандаҳо иброз мекарданд, ки кор танҳо зарба ба ҷайби онҳое мезанад, ки бо мошини худ дар ин ширкат таксиронӣ мекунанд. Аммо дар пайи муроҷиати ронандаҳо, ахиран масъулини Maxim ба ин қарор расидааст, ки арзиши хизматрасонии онҳо мисли пештар боқӣ монад.

Ҳушдор ба ронандаҳо: якранг шавед ё аз иҷозатномаи ронандагӣ маҳрум мешавед

Зеро дар шароити гаронии қиммати маводи сӯзишворӣ, ба якборагӣ фароҳам сохтани фазои рақобатнок кори душвор аст. Ронандаҳои Maxim мегуянд, ин шуғл ҳоло василаи аслии дарёфти рӯзии онҳост ва аз бозбинӣ шудани ҳаққи корашон хушбин шудаанд. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хуҷанд, ба ҷуз Maxim, ширкатҳои таксиронии “Рахш Таксӣ”, “33-33” фаъолият мекунанд.