Фоҳишахона дар маркази Душанбе: дар манзилаш ҷой дода, пул мегирифт

Дар маркази Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ хонаи истиқоматиеро ба фоҳишахона табдил додаанд. Ба гумон даст доштан дар ин қазия зани ҷавоне дастгир шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Душанбе кормандони мақомот як фоҳишахонаи дигарро ошкор кардаанд.

Боздошти хонуми 34-сола барои ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Тавре ВКД Тоҷикистон гузориш медиҳад,ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 

Номбурда, санаи 24-уми ферали соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 31 ва зани 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳавлӣ аз 30 то 100 сомонӣ: сокини 60 солаи Хуҷанд барои ташкили фоҳишахона боздошт шуд

Инчунин гумонбаршаванда, санаи 24-уми феврали соли 2020, дар хонаи истикоматии дар боло зикргардида, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32 ва зани 29-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.