Ҳушдори раҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт: коронавирус ба ҷаҳон таҳдид мекунад

Ба боварии роҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳар як кишвар бояд хатари маризии сироятии "коронавирус" - ро мустақилона санҷанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳама кишварҳои олам ҳушдор дод, ки барои эпидемияи фарогири короновирус омода шаванд.

Муовини вазири беҳдошти Эрон, ки мубталои коронавирус шуд: "мо короноро шикаст медиҳем"

Ин созмон дар баёнияи ахири худ навишт, ки ҳарчанд ҳоло хатари эпидемия таҳдид намекунад, вале эҳтимолияти бурузи густардаи вирус вуҷуд дорад. Эпидемия ба он ҳолате гуфта мешавад, ки агар беморӣ басо ба осонӣ аз фард ба фарди дигар дар бисёр нукоти олам гузарад.

Аз оғози ҳафтаи ҷорӣ дар бораи густариши короновирус аз Чин ба чанд нукоти дигари олам хабарҳо мунташир шуданд. Таҳлилгарон мегӯянд ҳоло  SARS-CoV-2 аз марзҳои Чин берун шуда ва ҷуғрофиёи ҳузури худро васеътар кардааст.

"Меҳмон"-и нохонда: коронавирус аз Эрон ба Қувайт интиқол ёфт

Омори расмии сироятёфтагон дар Чин бештар аз 77 ҳазор нафар гузаштааст, 2600 нафари онҳо фавтиданд. Дар бештар аз 30 кишвари олам 1200 нафар сироят шудаву 20 тан ҳалок шудаанд.

Рӯзи душанбе Афғонистон, Ироқ, Кувайт, Умон ва Баҳрайн ҳам аз аввалин сироятёфтагон ба ин беморӣ хабар доданд. Ҳукуматдорони Баҳрайн гуфтанд, ки короновирус аввал дар як ронандаи автобуси мактаб кашф шудааст ва онҳо дар чандин мактаб таҳсилро қатъ кардаанд.