ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бабри барфӣ ё озодапаланг ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ "ITB Berlin-2020", ки аз 4 то 8 март дар шаҳри Берлини Олмон доир мешавад, муаррифӣ мегардад.
Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ "ITB Berlin-2020" 60 нафар, аз ҷумла роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагони 21 ширкати сайёҳии ватанӣ, 4 меҳмонхона ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Германия ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намояндагӣ ва муаррифӣ менамоянд", — иброз доштанд дар Кумитаи сайёҳӣ.
Паланг дар Бартанг 12 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод - видео ва аксҳо
Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони "Тоҷикистон — мамлакати сайёҳӣ" дар масоҳати 40 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.
"ITB Berlin" намоишгоҳи пешоҳанги тиҷоратии ҷаҳонӣ, тарғиботӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҳар як давлат мебошад.
Озодапаланг дар Тоҷикистон
Мутобиқи маълумоти махзанҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон аст. Озодапаланг ҳайвони ваҳшии нодиртарин маҳсуб шуда, ба "Китоби Сурх"-и ҷаҳонӣ (1963) ва "Китоби Сурх"-и Тоҷикистон (1988) шомил шудааст. Он ҳамчун зеботарин ҳайвони кӯҳӣ шинохта шуда, мавҷуд будани макони зисти он дар ҳар кишвар нишонгари поктарин экосистема аст.
Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир то баландиҳои 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном мебаранд. Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.
Зебогии андом, пӯсти мулоим ва ранги ҷолибаш ӯро тӯъмаи шикорчиён мегардонад.
Мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.