Обуҳавошиносони Тоҷикистон то 22 дараҷа гармиро пешбинӣ мекунанд

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Ҳушдори обуҳавошиносон: обуҳаво якуякбора ноустувор шуда, борону барф меборад

Ҳаво дар вилояти Суғд  рӯзона тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм  ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо  рӯзона ҳавои бе бориш мешавад.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.