Ҳабс ва фирорӣ шудани кормандони "Амонатбонк" дар ВМКБ: Файзов супоришҳои мушаххас дод

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҷаласаи васеъ, бобати аз байн бурдани камбудиҳо ва беҳтар кардани фаъолияти бонкомат ва постерминалҳо дар вилоят ба масъулини "Амонатбонк" супоришҳои мушаххас дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси ВМКБ, дар машварати васеъ, фаъолияти "Амонатбонк" баррасӣ шуда, сардори филиал, аз ҳабс ва фирорӣ шудани чанд кормандони ин ниҳод хабар дод.

Худкушӣ дар Ишкошим: чаро собиқадори Амонатбонк худро парронд?

Гузориши Зайнаб Мамадназарова, сардори филиали "Амонатбонк" 

Зайнаб Мамадназарова дар рафти ҷаласа гузориш дод, ки  соли 2019 аз тарафи филиалҳои бонк ба 2800 нафар мизоҷон бештар аз 22 млн. сомонӣ қарзҳои хурд бо асъори миллӣ пешниҳод гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 286 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

"Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ меъёри фоизи қарзҳои ба ин самтҳо нигаронидашуда аз 20 фоиз ба 18 дарсади солона кам карда шуд", - гуфт ӯ.

Нигаронии Ёдгор Файзов

Бо изҳори ташвиш аз тасарруфи маблағҳои бонкӣ дар солҳои пеш Ёдгор Файзов гуфт, ки чунин омилҳо боиси коҳиши боварии мардум нисбати бонк гардида, ба фаъолияти пурсамари низоми бонкӣ монеа эҷод мекунанд.

"Баъзан шаҳрвандон ба қабули раиси вилоят омада, шикоят мекунанд, ки дар бонк пасандоз кушоданд, вале бо гузашти айём маълум мегардад, ки маблағ дар суратҳисобашон надоранд. Аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян гардид, ки дар баъзе ҳолатҳо кормандони бонку андоз ба тариқи сохтакорӣ бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ наздики миллион сомонӣ маблағи пасандоз ё кредитиро аз они худ кардаанд", - гуфт раиси вилоят.

Дар посух ба саволи раиси вилоят вобаста ба бозгардонии малағҳои ғасбгардида Зайнаб Мамадназарзода зикр карда, ки дар соли 2019 беш аз 117 ҳазор доллар ва 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба мизоҷони бонк баргардонида шуд.

"Тасарруфи маблағе, ки дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ошкор гардид, барқарор шуд. Аммо, шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоб маблағи бонкро тасарруф карданд, имрӯз дар Қирғизистон фирорӣ ҳастанд ва мушкилоти бақияи маблағҳои қарзӣ дар ноҳияҳои болозикргардида ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Дар ноҳияи Роштқалъа як нафар корманд дар маҳбас ва шарикаш дар Русия қарор доранд", - гуфт Мамадназарова.

Ёдгор Файзов, оид ба беҳтар кардани фаъолияти бонкомат ва постерминалҳо, ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ, истифодаи кортҳои бонкӣ дар мағозаҳо, ба масъулини бонк сопоришҳои мушаххас додааст.