Мӯди 100 соли охир: дар Душанбе "Chakan fashion show" баргузор мешавад

Дар шаҳри Душанбе, чорабинии диданӣ - "Chakan fashion show" баргузор мешавад. Беш аз 500 навъи чакан пешкаши тамошобинон мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Рӯзи З март дар шаҳри Душанбе намоиши маҷмӯи нави пироҳанҳои "Хонаи мӯд"-и тарроҳи машҳур Хуршед Сатторов доир мегардад.

Намоиши мазкур  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда он таҳти унвони "Chakan fashion show" мегузарад.

Дар ин бора тарроҳ Хуршед Сатторов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

"Дар ин намоиш, мо мӯди 100 соли охири халқи тоҷикро нишон медиҳем. Беш аз 500 навъи пироҳанҳои чакан ба намоиш гузошта мешавад, ки ҳар яки онҳо дастдӯхт мебошад", - гуфт Хуршед Сатторов ва афзуд, ки дар ин чорабинӣ намоиши лухтакҳо ва расмҳо низ ба роҳ монда мешавад.

Маҷмӯи нави "Чакан" арзиши олии бадеӣ мебошад, ки дар ҷаҳони санъати ороишӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад.

Хуршед Сатторов пироҳанҳои навашро дар Бухоро намоиш медиҳад

Ёдрас мешавем, ки гулдӯзии чакани Тоҷикистон ба феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО шомил шуд ва барои намоиш аз чаканҳои тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов низ 20 нусха ба созмони мазкур бурда шудааст.

Намоиши либосҳои тарроҳи тоҷик дар Azerbaijan Fashion Week

"Chakan fashion show", рӯзи 3 март, соати 18:00 дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенси" баргузор мегардад.

Намоиши муди муосири тоҷик дар чойхонаи Роҳат (АКС)