“Рӯбӯсӣ накунед!” Як гирифтор, бастани марз бо Эрон ва эълони вазъи изтирорӣ

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон пас аз ошкор шудани як мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” марзҳои худ бо Эронро баст ва дар вилояти Ҳирот вазъи изтирорӣ эълон кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Фирӯзиддини Фирӯз, вазири сиҳати оммаи Афғонистон, имрӯз, 24 феврал, зимни як нишасти матбуотии хос дар Кобул гуфт, дирӯз се мавриди машкук дар вилояти Ҳирот ошкор шуд, ки яке мусбат арзёбӣ шуд.

"Шахсияти ин фардро ба далоили маълум эълон намекунем. Ин як ҷавони 35 – солаи аҳли Ҳирот аст, ки чанде қабл дар шаҳри Қуми Эрон буда ва мубталои “вируси тоҷдор” шудааст. Вазъи сиҳиаш хуб аст ва мехоҳад рухсат шавад. Аммо мо ҳам гуфтем, ки ҷӯр астӣ, аммо хатарнок астӣ ва маризиат ба афроди дигар метавонад интишор ёбад. Рӯзе, ки рухсат шуд, бо расонаҳо сӯҳбат хоҳад кард", - гуфт вазири сиҳати оммаи Афғонистон.

Вай афзуд, пас аз ин ҳодиса Шӯрои амнияти миллии Афғонистон тасмим гирифт, ки убуру мурури шаҳрвандонашро ба Эрон қатъ ва дар вилояти Ҳирот вазъи изтирорӣ эълон кунад.

Вазири сиҳати оммаи Афғонистон гуфт, ба шаҳрвандони кишвар машварат дод, ки аз сафар ба вилояти Ҳирот низ худдорӣ кунанд.

"Мо алъон дар Ҳироту Кобул беморхонаҳои вижа барои тадовии “вируси тоҷдор” – ро эҷод кардаем, аммо мардуми кишвар бояд бидонанд, ки аксари қишрҳои аҳолии Афғонистон аз лиҳози иҷтимоиву тандурустӣ осебпазир ҳастанд ва бо ин вирус муқовимат карда наметавонанд. Вақте Чин бо ин қадар қудрати моливу иқтисодӣ пеши ин маризӣ оҷиз монда, то ба ҳол даво ё ваксини онро пайдо накардааст, мо минҳайси яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон бояд хеле аз эҳтиёт кор гирем", - гуфт Фирӯзиддини Фирӯз.

Тибқи иттилои расмӣ, то субҳи имрӯз дар Афғонистон ҳудуди 30 нафар бо гумони гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” бистарӣ шудаанд, ки аксари онҳо дар шаҳри Ҳиротанд.

Се кишвари ҳамсоя ба хотири “коронавирус” марзҳояшонро ба рӯи Эрон бастанд

Ҳирот вилоятест, ки бо Эрон ҳаммарз аст ва дарвозаи асосии Афғонистон ба ин кишвар маҳсуб мешавад.

Вазири сиҳати оммаи Афғонистон гуфт, ҳоло ин кишвар тадобири шадидеро барои ҷилавгирӣ аз ин маризӣ рӯи даст гирифта, Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ҳатто содироти ниқоби муҳофизатиро низ ҷурм эълон карда, тамоми захираҳои он дар кишварро таҳти қарантин қарор додааст ва тасмим гирифтааст, истеҳсоли он дар кишварро ба роҳ монад.

Вай аз мардуми кишвараш хост, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодам, ҳатто маҳфилҳои арусӣ ва кӯчаву бозор худдорӣ кунанд.

"Аз рӯбӯсӣ ва дастбӯсӣ бипарҳезед. Чун намедонед шояд шахсе, ки бо вай дастбӯсӣ ё рӯбӯсӣ мекунед, дар ҳолати тафреҳи мараз бошад, яъне то ҳол мараз дар ӯ ошкор нашуда, аммо вирус дорад ва онро ба дигарон интишор медиҳад", - гуфт Фирӯзиддини Фирӯз.

Афғонистон дар пайи Туркияву Покистон сеюмин кишварест, ки марзҳояшро ба рӯи Эрон мебандад. Дар Эрон аз 43 мубталои “вируси тоҷдор” то ҳамин лаҳза 8 нафар фавтидаанд. Маркази хуруҷи ин маризӣ дар Эрон шаҳри Қум – “гаҳвораи Инқилоби исломии Эрон” ба шумор меравад.

Дар гузашта як сокини ин шаҳр ба Чин рафта, сироят шудаааст ва онро ба Эрон овардааст. Ин фард аз ин маризӣ фавтидааст. Тибқи ахбори охирин, аз “вируси тоҷдор” дар ҷаҳон 2 461 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 78 766 гирифтори ин маризӣ мебошанд. Ин омор лаҳза ба лаҳза дар ҳоли тағйир аст.