Мураххас шуданд: дар 236 нафари зери карантин буда нишонаҳои "коронавирус" пайдо нашуд

Аз Бемористони сироятии шаҳри Душанбе, 236 нафари дигар, ки пас аз Чин ворид шудан бистарӣ гардиданд, нишонаҳои маризии сироятии "коронавирус" пайдо нашуд ва табибон онҳоро мураххас намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе, ки 236 нафар зери карантин қарор доштанд, пурра мураххас шуданд.  Дар ин бора агентии "Ховар" аз қавли сардухтури беморхонаи мазкур Хуршед Ҳабибзода иттилоъ дод.

Сарҳадро бо Чин бандед: сокинони шаҳри Зайсони Қазоқистон даст ба эътироз заданд - навор

Бино ба зикри номбурда, вазъияти  ин нафарон хуб буда, дар онҳо  нишонаҳои коронавирус дида нашуд ва таҳлили озмоишгоҳии онҳо низ аз сиҳат буданашон дарак дод.

Гуфта мешавад ки айни замон як гурӯҳ нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайрҳои гуногун ба Тоҷикистон омадаанд, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Ҳисор таҳти назорати карантинӣ қарор доранд.

Коронавирус: беш аз 1000 коргари чинӣ дар Тоҷикистон бистарианд

Тавре муовини Вазири тандурустӣ  Мирҳамиддин Камолзода 21 феврал иттилоъ додааст, шаҳрвандони боқимонда пас аз гузаштани 14 рӯзи карантин, дар ҳолати пайдо нашудани нишонаҳои коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. Вале новобаста аз ин ҳолати онҳоро мутахассисони шуъбаҳо  назорат мебаранд.

Воридшавии шаҳрвандон аз Чин ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.