То 7000 сомонӣ мукофот : қарори Аҳмадзода дар бораи баргузории озмуни ихтироъкорон

Ба донишҷӯён ва олимони ҷавон аз 3000 то 7 000 сомонӣ ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 2000 то 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Ба шарафи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 моҳҳои июн-октябри соли равон озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд доир мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.

Тавре хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар медиҳад, озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас гузаронида мешавад.

"Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир шуда, ғолибон бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ба донишҷӯён ва олимони ҷавон аз 3000 то 7 000 сомонӣ ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 2000 то 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад.