Файзов дар бораи рекорди ҷавонони ВМКБ ва эътимод ба Қувваҳои Мусаллаҳ

Ёдгор Файзов мегӯяд, Қувваҳои Мусаллаҳ амнияту оромии мамлакатро таъмин карда метавонанд ва қодиранд, аз ҳама гуна таҳдид ва хавфу хатар ба истиқлолияти кишвар, сулҳу субот, осудаҳолии халқ ҷилавгирӣ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи табрикотӣ ирсон кардааст.

Чуноне хадамоти матббуотии ВМКБ хабар медиҳад, Файзов ин ҷашнро дорои аҳамияти хоса гуфта, Қувваҳои Мусаллаҳро кафолатбахши осудагиву амнияти кишвар ва мардум хондааст.

"Имрӯз мо мутмаин ҳастем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияту оромии мамлакатро таъмин карда метавонанд ва қодиранд, ки аз ҳама гуна таҳдид ва хавфу хатар ба истиқлолияти кишвар, сулҳу субот, осудаҳолии халқ ҷилавгирӣ намоянд", - бовар дорад раиси ВМКБ.

Супориш барои хизмати ҳарбии писарони вазирону вакилон ва имтиёзҳои нав баъди артиш

Файзов аз аввали солҳои 90 – уми асри гузашта ёдрас шуда мегӯяд, вақте ТОҷикистон ба истиқлолият соҳиб шуд, нахустин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон ин таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд, зеро вазифаи истиқлолиятро ҳифз намудан маҳз бар дӯши ин сохтори қудратист.

"Дар он рӯзҳои сангин барои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ин корро аз сифир оғоз кард, чунки он шабу руз на маблағе дар буҷа вуҷуд дошт, на мутахассиси соҳа ва на ягон базаи модди аз давлати Шӯравӣ мерос монд. Президент худ меъмори таъсис ва ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд", - гуфтааст Файзов.

Ӯ афзуда, ки бо гузашти 27 сол ва ғамхории бевоситаи роҳбарияти Олии мамлакат ва иродаи матини ҷавонони Ватан заминаи моддию техникии Қувваҳои Мусаллаҳ хеле таҳким ёфта, омодагии ҷисмонию касбии афсарону сарбозони мо ба маротиб афзуд. 

Ёдгор Файзов хизмат ба Ватанро аз муҳимтарин ва муқаддастарин вазифаи маънавии ҷавонон хонд. Ӯ мегӯяд, ҷавонони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз он ифтихор доранд, ки таҳти солҳои охир вилоят аввалин шуда дар рӯзҳои камшумортарини рекорди аз иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда мерасонад.

"Хизмат дар сафи нерӯҳои ҳарбии кишвар худ як мактаби мардонагию шуҷоат, ватандорию худшиносӣ ва фидокорӣ буда, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим мебозад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки дар ин кор наврасону ҷавонон нақши пешсафӣ дошта, пешгоми ҳамагон мебошанд".

Дар охир Файзов, ҳамаи афсарону сарбозонро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда барояшон, барояшон сиҳатӣ, хотири хуш, дар пешбурди вазифаи муқаддас – ҳимояи Ватан ва таъмини амният пирӯзиву комгориҳо таманно кардааст.