Маъракаи шинонидани 400 бех ниҳол: саҳми олимони Белорусия дар ободонии шаҳри Хуҷанд

Александр Таранов ва Манана Костритская ду олими соҳаи кишоварзӣ аз Академияи улуми Белорусия дар хиёбони шаҳри Хуҷанд ба ниҳолшинонӣ машғул шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар маъракаи ниҳолшиноние, ки ҳукумати Хуҷанд ахиран дар хиёбони Истиқлол роҳандозӣ намуд, ин ду олими белорусиягӣ ҳамроҳи масъулин иштирок карда, бо шинонидани чанд ниҳоли арча, хостаанд, барои сабз мондани яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд саҳми худро гузоранд.

Дар Хуҷанд 1 миллион бех ниҳол ба фурӯш бароварда шуд

Бино ба иттилоъи Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд, дар хиёбони Истиқлол дар маъракаи шинонидани 400 бех ниҳоли Арча ва Ардач Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳр ва Рустам Каримзода, муовини раиси Суғд, Александр Таранов ва Манана Костритская масъулони соҳаи ниҳолпарварии Академияи улуми Ҷумҳурии Белорусия, инчунин дигар роҳбарони сохторҳои давлатӣ ширкат намуданд.

Раиси вилояти Суғд дар "Боғи миллии Ваҳдат" ниҳол шинонд

Бар пояи хабари Маъмури Юсуфзод, сафари ин ду коршиноси соҳаи кишоварзӣ ба Хуҷанд, бо даъвати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сурат гирифтааст.

Олимони белорусиягӣ зимни сафари худ ба вилояти Суғд, аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ ва шароити кори парвариши гармхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо боздид намудаанд.

"Мо тасмим гирифтем, ки бо деҳқонон ва мутахасисони кишоварзии вилояти Суғд дар чаҳорчӯбаи як созишнома ҳамкории густурда ба роҳ монда, дар кишварамон эшонро бо тарзу усули парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи сифатан хуб барои содирот ба кишвари Аврупо тайёр хоҳем кард. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд чунин заминаи парвариши меваҳои ниёзи мардуми кишвари Аврупо вуҷуд дорад”, - таъкид намудаанд олимони белоруссиягӣ дар суҳбат бо хабарнигорон.
Аҳмадзода дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ниҳол шинонд

Таранов ва Костритская аз роҳандозии чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон истиқбол намуда, самари ин иқдомро дар беҳбудбахшии муҳити зист муфид арзёбӣ карда ва гуфтаанд, ки ин кор барои мардуми Белорусия намунаи пайравӣ аст.

Сардори дафтари матбуоти Хуҷанд иттилоъ додааст, ки танҳо то санаи 20-уми феврали соли ҷорӣ дар Хуҷанд беш аз 2500 бех ниҳоли сояафкани ҳамешасабз шинонида шуда ва қарор аст ҷараёни маъракаи ниҳолшинонӣ то моҳи март давом ёбад.