ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Имрӯз ба инсоният хатари рӯзафзуни халалдор гардидани низоми байналмилалӣ ва дар сурати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ наандешидани чораҳои заруриву саривақтӣ ҳатто комилан аз ҳам фурӯ рехтани он таҳдид менамояд, гуфт Раҳмон зимни ҷамъомад бахшида 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ.
“Ҳамаи ин зуҳуроти номатлуби асри мо боиси торафт коҳиш ёфтани эътимоди байни кишварҳо гардида, метавонад амнияти байналмилалиро ба хатару таҳдидҳои бештари миқёси ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ созад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зикр намуд, ки бар асари хатару таҳдидҳои замони муосир ва афзоиши омилҳои зиёди ноустуворӣ суботу низоми сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар бисёр минтақаҳои олам халалдор гардида истодааст.
“Мутаассифона, имрӯз ҷаҳони моро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, сиёсисозии дин аз ҷониби доираҳои манфиатҷӯ, низоъҳои қавмиву мазҳабӣ ва ҳолатҳои ҳамчун василаи сиёсӣ истифода гардидани нерӯи низомӣ фаро гирифтааст”, - илова намуд раисиҷумҳур.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, чунин таҳаввулоту ҳодисаҳои харобиовари солҳои охири сайёра, аз ҷумла вусъатёбии таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон водор месозанд, ки сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тақвият бахшида шаванд.
“Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо дарназардошти вазъи бисёр ноороми ҷаҳон бояд маҳорату малакаи касбӣ ва ҷангии худро пайваста такмил диҳанд”, - таъкид намуд раисиҷумҳур.